Открыт: 19 февраля 2014

Личный кабинет

jihoi jihoi

jihoi
Публикации (0) Комментарии (0)
Имя
jihoi jihoi
Город
Пойнт-а-Питр, Гваделупа
Профессия
Bussinesman
Web
kinoslava.ucoz.ua/video
ICQ
324123321
О себе
Илова ба нишондиҳандаҳои Fivе с ва САМЕL корманди бонк нишондиҳандаҳои дигари молиявиро низ муайян мекунад. Ба ин гурӯҳ нишондиҳандаҳои зерин дохил мешаванд: коэфитсиентҳои ликвиднокӣ, коэфитсиентҳои гардишнокӣ, коэфитсиентҳои қобилияти пардохткунӣ (финансовый леверидж), коэфитсиентҳои фоиданокӣ, коэфитсиентҳои хизматрасонии қарзҳо. Коэфитсиентҳои ликвиднокӣ қобилияти баргардонидани карзҳои кӯтоҳмуддати қарзгирандаро нишон медиҳанд. Онҳо ба ду намуд чудо мешаванд: козфитсиенти ликвиднокии ҷорӣ (дороиҳои ҷорӣ / пассивҳои ҷорӣ) ва коэфитсиенти ликвиднокии баланд суръат ё фаврӣ (пули накд (бақияҳои кассаю суратҳисоб) +коғазҳои қиматноки ликвиди дебиторҳо / пассивҳои ҷорӣ). Дороиҳои ҷори (активҳо) = пулҳои дар кассаю суратҳисоб буда + қарзи дигарон (дебиторҳо)+ захираҳо +дороиҳои дигар. Пассивҳои ҷори = қарзҳои кӯтоҳмуддат+ ҳисобҳои пардохтнашуда +қисми баргардонидашавандаи қарзҳои дарозмуддат ва фоизи онҳо+ пассивҳои дигари ҷорӣ. Коэфитсиенти гардишноки нишон медиҳанд, ки қарзгиранда то кадом дараҷа дороиҳои худро самаранок ё фаъолона истифода мебарад. Ба ин гурӯҳ коэфитсиентҳои зерин дохил мешаванд: коэфитсиенти гирдгардиши дороиҳо = даромад аз фурӯш / дороиҳо; коэфитсиенти гардишнокии воситаҳои асосӣ = даромад аз фурӯш / арзиши воситаҳои асосї; коэфитсиенти дебиторҳо дар фурӯши ҳаррӯза дебиторҳо / маблағи фурӯши якрӯза. Коэфитсиенти ќобилияти пардохткуни қобилияти иҷрои ӯхдадориҳои кӯтоҳмуддату дарозмуддати қарзгирандаро нишон медиҳанд. Ба онҳо дохил мешаванд: коэфитсиенти қарздорӣ =ӯҳдадориҳои пулӣ / дороиҳо; коэфитсиенти қарздорӣ нисбати сармоя +ӯҳдадориҳои пулӣ / сармояи корхонаи қарзгиранда; коэфитсиенти қарздорӣ нисбати воситаҳои гардони моддӣ+ӯҳдадориҳои пулӣ / воситаҳои гардони моддӣ.